РӮЗИ ДУЮМИ ОЗМУНИ “АТТЕСТАТИ АЪЛОИ УНИВЕРСАЛӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА, АТТЕСТАТИ АЪЛОИ РАВИЯВӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА”

23-07-2024
Имрӯз, 23 июли соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе рӯзи дуюми озмуни “Аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра” баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи рӯзи дуюми озмун муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Шарофиддин Асомиддинзода ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо иштирок намуданд. Таъкид гардид, ки танҳо хонандагони болаёқату соҳибистеъдоде метавонанд аттестати аълои универсалӣ ва равиявиро бо медалҳои тилло ва нуқра ба даст оранд, ки ҳамаи фанҳои барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро дар сатҳи аъло аз худ намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ду бахшро дар бар гирифта, дар бахши аввал довталабон аз фанҳои забон, адабиёт ва риёзиёт имтиҳон супориданд. Дар идомаи озмун довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз 12 фанни таълимӣ ва довталабони аттестати аълои равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз 6 фанни таълимӣ имтиҳон супориданд. Натиҷаи озмун баъди ҷамъбасти холҳои ниҳоии довталабон муайян карда мешавад.
Мавриди қайд аст, ки барои гузаронидани санҷишҳои фаннӣ бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимони шинохта ва устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар комиссияҳои фаннӣ таъсис дода шудааст.