ШИНОСОӢ АЗ ҲОЛАТИ ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

01-08-2024
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супоришҳои вазири маориф ва илм гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода аз ҳолати омодагӣ ба соли нави хониш дар ноҳияи Балҷувон дидан ба амал овард. Дар рафти сафари корӣ муовини вазири маориф ва илмро сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода ҳамроҳӣ намуд.
Зимни сафар муовини вазири маориф ва илм аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10, 3 ва 20-и деҳоти Сари Мазор, Навбаҳор ва Боҳтури ноҳияи Балҷувон дидан намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуд. Зикр гардид, ки бунёди муассисаҳои наву замонавӣ ва таъмиру навсозии онҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиби таълиму тадрис марҳала ба марҳала идома дорад.
Ҳамчунин, зимни боздид аз муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Балҷувон муовини вазири маориф ва илм доир ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибихтисос, китобҳои дарсиву бадеӣ, фарогирии толибилмон ба муассисаҳои томактабӣ ва ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ибрози назар намуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон