ШИНОСОӢ АЗ ҲОЛАТИ ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

01-08-2024
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супоришҳои вазири маориф ва илм гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода аз ҳолати омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш аз як қатор муассисаҳои вилояти Хатлон дидан намуда истодаанд.
1-уми августи соли 2024 дар идомаи сафар гурӯҳи корӣ аз ҳолати омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Муъминобод дидан карданд.
Зимни боздид муовини вазири маориф ва илм доир ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибихтисос, китобҳои дарсиву бадеӣ, фарогирии толибилмон ба муассисаҳои томактабӣ, ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, омодагӣ ба машваратҳои августӣ миёни омӯзгорон, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба фасли зимистон, иштирок дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ибрози андеша намуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон