ШИНОСОӢ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ВА ТАЪМИРУ ТАРМИМИ БИНОҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

02-08-2024
Имрӯз, 2-юми августи соли 2024 бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супоришҳои вазири маориф ва илм гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода аз рафти корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармими биноҳои муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ дидан намуданд.
Зимни боздид муовини вазири маориф ва илм доир ба омодагӣ ба соли нави таҳсил, риояи ҳатмии либосҳои тавсиявӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, фарогирии бештари кӯдакон ба марказҳои инкишофи кӯдак ва муассисаҳои томактабӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, фаро гирифтан ба зинаи сеюми таҳсилот, ба тариқи биллингӣ пардохт намудани маблағи китобҳои дарсӣ, аз такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон ва ғайраҳо ибрози андеша намуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон