ШИНОСОӢ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ, СОХТМОНИ БИНО ВА СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

12-08-2024
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми августи соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми кишвар Равшан Каримзода аз ҳолати омодагӣ ба соли нави хониш дар шаҳри Ваҳдат аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 7, 61 ва 62 дидан намуд.
Дар рафти боздид тавре муайян гардид, дар муассисаҳои номбурда таъмиру азнавсозӣ, сохтмони бино, синфхонаҳои иловагӣ ва дигар корҳои таъмирӣ идома дорад.
Зимни сафари корӣ муовини вазири маориф ва илм вобаста ба таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳсили ҳатмии синфи 10 ва 11-и хонандагон, фаъолият ва фарогирӣ дар Маркази инкишофи барвақтии кӯдак, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонггузаронӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар самтҳои ҷорӣ бо масъулини шуъбаи маориф, омӯзгорон ва раиси кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат вохӯрию суҳбат анҷом дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон