ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ. МУБРАМИЯТИ ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТИ ДАСТРАСИЯШ МАҲДУД ДАР НИЗОМИ МАОРИФИ КИШВАР ВА ЧОРАҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ ОН

10-08-2024
Вазъи имрӯзаи рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, зиёд гардидани мукотиба ва гардиши ҳуҷҷатҳо бо истифода аз шабакаи Интернет, рушди илму техника ва ташаббусҳои нав дар роҳи рушди давлатдорӣ, ки тарҳрезӣ ва амалигардонии онҳо тавассути рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ мегарданд, тақозо менамоянд, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас ва самарабахш амалӣ карда шаванд.
Дар ҷумҳурии мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳо ба хотири таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот пайваста андешида мешаванд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» барои фаъолияти муназзами тамоми ҷомеа ва давлат дар ин самт нақши муҳим мебозад. Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур пешгирӣ намудани дуздӣ, гумшавӣ, ғалат маънидод кардан, нусхабардорӣ ва монеагӣ кардан дар роҳи паҳншавии иттилоот буда, тақозо мекунад, ки сиёсати ягонаи техникӣ оид ба ҳифзи иттилоот бояд вуҷуд дошта, вобаста ба он консепсияҳова барномаҳои давлатӣ таҳия карда шудаанд. Дар ин асос вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ҳалли масъалаҳои ҳифзи иттилоотро дар доираи салоҳияти худ таъмин мекунанд. Дар робита ба ин масъала Вазорати маориф ва илм ҳамяк қатор тадбирҳо меандешад. Дар ҷаҳони муосири босуръат тараққиёбанда фаъолият ва рушди соҳаи маорифро бе истифодаи воситаҳо ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Чунонки тадқиқоти сершумор нишон медиҳанд, зиёд гардидани ҳаҷми иттилооте, ки дар соҳаи маориф истифода бурда мешавад, бояд ба манбаи ягонаи иттилоотӣ асос ёфта, ба таври замонавӣ коркард карда шавад. Дар ин шароит соҳаи маориф бе истифодабарии воситаю усулҳои муосири ҳифзи иттилоот ва таъмини бехатприи он самаранок буда наметавонад, зеро ташаккули шахсияти дорои зеҳнияти баланду эҷодӣ, навовару ихтироъкор ва баланд бардоштани тафаккури рақобатпазир аз овони кӯдакӣ ва наврасӣ, яъне аз муассисаи томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна оғоз ёфта, минбаъд рушд меёбад.
Истифода ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф масъалаи муҳиммест, ки ба ташаккули насли нави шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои донишу малакаҳои муосир мебошанд, таъсири бевосита мерасонад. Солҳои охир дар Тоҷикистон рушди инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф ва ба сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ расондани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ яке аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар ин давра барномаҳои давлатӣ ва чорабиниҳои гуногун дар самти татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф таҳия ва амалӣ карда шудаанд, ки аз марҳилаҳои муҳимми ислоҳот ба ҳисоб рафта, ба ташаккули инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ нигаронида шудаанд. Дар ин росто, сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ташкили махзани рақамии ягонаи маводи таълимии электронӣ, рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи мунтазам аз нав таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва ташкили торнамои (портали) ягонаи иттилоотии соҳаи маориф равона гардидааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2024 соли 2024, №154 Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 тасдиқ шуда, дар доираи амалишавии он як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла, доир ба таҳкими заминаҳои моддӣ-техникӣ, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ, ташкили шабакаҳои иттилоотӣ ва пайвастшавии онҳо ба шабакаи Интернет ва тадбирҳо дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади ноил шудан ба сифати нави таълим тавассути ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ, тағйир додани шакл ва усулҳои таълим, таъмини сифат ва сайёр будани хизматрасониҳои таълимӣ, баланд бардоштани эътирофи низоми миллии маориф ва зиёд намудани содироти хизматрасониҳои таълимӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №439 «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» тасдиқ карда шуд. Вобаста ба иҷрои вазифаҳои мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми идоракунанда ва ҳамоҳангсоз дар соҳаи рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, татбиқи сиёсати давлатии иттилоотӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар соҳаи маориф Шуро оид ба технологияи иттилоотию -коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониш ва ташаккули малакаҳои техникии омӯзгорон ва мутахассисон дар зинаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ мунтазам семинарҳои махсус ва курсҳои омӯзишӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд. Дар самти ташкили муҳити ягонаи иттилоотии соҳаи маориф бо мақсади бунёди низоми ягонаи иттилоотии соҳаи маориф сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишонаи www.maorif.tj созмон дода шудааст.
Вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Марказ таҷрибаи пешқадами омӯзгорони соҳибтаҷриба ва пешқадамро аз фанҳои физика ва алгебра, астрономия, геометрия, биология, химия тавассути дарсҳои видеоӣ ҳамчун маводҳои иловагӣ (зиёда аз 3000 видеои таълимӣ) омода намуда, дар сомонаи Марказ www.mjtik.tj ва дар сомонаи китобхонаи электронии www.marifat.tj ҷойгир намудааст, ки80% нақшаи таълимиро ташкил дода, мавриди истифодаи васеи омӯзгорон, хонандагон ва дилхоҳ истифодабарандагон қарор доранд.
Дар ин давра дар доираи ҳадафҳои Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иттилоот ва таъмини амнияти иттилоотӣ як қатор варақаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла, «Амният, муҳофизат ва бехатарии маълумоти шахсӣ ҳангоми истифодаи технологияҳои рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» ва «Паёмади сиёсатгузорӣ оид ба амният, муҳофизат ва бехатарии маълумоти шахсӣ ҳангоми истифодаи технологияҳои рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси таҷрибаҳои ҷаҳонӣ» таҳия гардида, бо теъдоди муайян нашр карда шуданд. Дар айни замон бо мақсади ташкили портали таълимӣ захираҳои иттилоотии таълимӣ ташаккул ёфта, сомонаҳои муассисаҳои таълимӣ дар шабакаи Интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ таъсис ва фаъол карда шудаанд. Корҳо оид ба ташкили системаҳои идоракунии иттилоотии таълим, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудаанд.
То имрӯз дар кишвар ҷиҳати ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба низоми маориф ва навсозии раванди таълим як қатор корҳо амалӣ карда шудаанд. Барномаҳои таълимӣ вобаста ба омӯзиши технологияи иттилоотӣ барои тамоми зинаҳои таҳсил таҳия ва тасдиқ гардида, таҷрибаҳои аввалин оид ба омӯзиши фосилавӣ оғоз гардиданд. Дар ин баробар бояд тазаккур дод, ки дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мутахассисон аз рӯи ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» омода карда мешаванд.
Бешубҳа, бо назардошти рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва дар ин замина зуҳур кардани хавфу хатарҳои ба он алоқаманд талабот ба мутахассисони соҳаи амнияти иттилоотӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Феълан пеш аз ҳама, аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд ва боистеъдод омода намудани мутахассисони дорои касбияти баланд дар ин самт аз масъалаҳои мубрами соҳа ба ҳисоб меравад. Яъне насли ҷавони имрӯза аз ҳама бештар қодиранд, ки ба таҳдидҳои зудтағйирёбандаи амнияти иттилоотӣ мутобиқ шаванд, зеро онҳо дар ин соҳа маҳорату салоҳияти касбии бештарро дошта метавонанд. Аслан такмили системаи омодасозии кадрҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ яке аз вазифаҳои асосӣ ва афзалиятноки низоми омодасозии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мебошад.
«Амнияти иттилоотӣ» ихтисоси нисбатан нав буда, ширкатҳои зиёди глобалии дохилию ҷаҳонӣ торафт бештар эътироф мекунанд, ки барои муҳофизати онҳо аз ҷиноятҳои киберӣ ба мутахассисони ин соҳа ниёз доранд. Бинобар ин, лозим ва зарур аст, ки ихтисоси болозикр дар қатори дигар ихтисосҳои марбута аз ҳарвақта бештар бояд таҳкиму тақвият дода шавад, то ки насли ҷавони мамлакатро барои зиндагӣ дар ҷомеаи муосири иттилоотӣ ҳамаҷониба омода ва дар ин замина манфиатҳои ҷомеа ва давлатро аз ҳама гуна хавфу хатарҳои иттилоотӣ ҳифз кардан имконпазир гардад.
Идоракунии иттилоот яке аз самтҳои асосӣ ва қисми муҳимтарини рақамикунонӣ дар соҳаи маориф мебошад. Барои рақамикунонии ба далелҳо ва иттилоот асосёфтаи соҳаи маориф низоми пурраи фаъоли идоракунии иттилоот дар соҳаи маориф омили асосӣ мебошад. Бо риояи талаботи ҳифзи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ дар соҳаи маориф барномаи «Системаи иттилоотии соҳаи маориф ва илм» амал менамояд. Вазифаи асосии Системаи иттилоотии идораи соҳаи маориф ва илм ба тарзи замонавӣ ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти омории соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ буда, дар таъмини иттилоотии раванди идоракунии соҳаи маориф ва илм нақши калидӣ дорад.
Дар соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ амалӣ гардидани Системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маориф ва илм, инчунин рушди раванди иттилоотонии ҷомеа ва тадбиқи пурра ва комили технологиягоҳои иттилоотӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти инсон мушкилоти ҳифзи иттилоотро боз ҳам ба дараҷаи болотар бардоштааст. Акнун ҳалли ин мушкилотро дар баҳисобгирии маҷмуи шароитҳои нави гардиши иттилоот, эҷод ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ, ки онҳо дар якҷоягӣ муҳити иттилоотӣ ном гирифтаанд, ҷустан лозим аст.
Масъалаи муҳиме, ки имрӯзҳо ба миён омадааст, интиқол, нигоҳдорӣ ва ҳифзи иттилоот мебошад. Яке аз усулҳои қулайи ҳифзи иттилоот, дар ҳуҷҷатҳои электронӣ истифода бурдани имзои электронии рақамӣ ба ҳисоб меравад. Имзои электронии рақамӣ (ИЭР) воситаи барномавӣ -криптографӣ буда, реквизити ҳуҷҷати электронӣ, шиносномаи манбаъҳои иттилоотӣ истифодашуда ва муҳофизи қонунии ҳуҷҷат ба шумор меравад. Имзои электронии рақамӣ санҷиши бутунӣ, нигаҳдории конфиденсиалӣ ва муайянкунии шахси интиқолдиҳандаи ҳуҷҷатро таъмин менамояд.
Ҳамин тариқ, дар шароити муосир ҳифзи иттилоот яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи таъмини амнияти миллӣ ба шумор рафта, сатҳу сифати ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллиро муайян менамояд.

Комрон ХОЛОВ – директори
Маркази ҷумҳуриявии технологияи
информатсионӣ ва коммуникатсияи
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Маорифи Тоҷикистон" - №5, 2024