Рушди устувор ва самаранокии ислоҳоти соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобастагӣ дорад. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, маблағгузории ин соҳаи калидӣ ва ҳаётан муҳим сол аз сол зиёд мегардад. Аз ҷумла, соли 2018 барои соҳаи маориф 3 млрд. 863 млн. 64 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2017 8% зиёд мебошад.

