Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1040 сомонӣ.
Раёсати илм ва инноватсия
Сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1040 сомонӣ.
Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
Сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1040 сомонӣ.
Талабот ба довталабон
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони
мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (гуманитарӣ ё ҳуқуқшиносӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
3.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (педагогика ва психологияи томактабӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 11 майи соли 2018 (ҳар рӯз аз соати 14:00 то 17:00) дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - ҳуҷраи 400, 412, сомона: www.maorif.tj, суроғаи электронӣ: mort@maorif.tj телефон: 227-67-07, факс: 221-70-25
Озмун рӯзи 16 майи соли 2018 соати 10:00 баргузор мегардад.