ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
10-12-2018
Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
Сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
-1 ҷой, маоши мансабӣ -1200 сомонӣ;
Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
Сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
-1 ҷой, маоши мансабӣ - 1200 сомонӣ.
Талабот ба довталабон
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
-варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
-маълумотнома (объективка), хаттӣ ва электронӣ
-тарҷумаи (шарҳи) ҳол;
-4 дона расми 3х4;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ бо тасдиқи хадамоти кадрӣ;
-рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-маълумотномаи аз ВКД (оид ба доғи судӣ надоштан);
-тавсиянома;
-нусхаи санҷиши изи панҷаҳои даст (дактилоскопӣ);
-нусхаи рақами суғуртаи иҷтимоии давлатӣ (РИС/СИН)
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои
холии маъмурии хизмати давлатӣ
1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ - таҳсилоти олии касбӣ ё ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
-малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси гуманитарӣ ё ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 9 январи соли 2019 (ҳар рӯз аз соати 14:00 то 17:00) дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - утоқи кории 400, 412, сомона: www.maorif.tj ва суроғаи почтаҳои электронӣ: mort@maorif.tj ва kadr@maorif.tj, телефон: 227-67-07,
факс: 221-70-25
Озмун рӯзи 16 январи соли 2019 соати 10:00 баргузор мегардад.