ВОХӮРӢ ВОБАСТА БА БАРРАСИИ ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

01-08-2024
1-уми августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва намояндаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) сарпарасти Тоҷикистон Муҳаммад Тариқ Хон вобаста ба баррасии таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур оид ба дастгирии иқтидори саҳаи маорифи кишвар дар самти истифодаи технология барои беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсил ва натиҷаҳои таълими кӯдакон дар асоси татбиқи лоиҳаи муштараки Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ва Бонки Исломии Рушд мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар қисмати ниҳоии вохӯрӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иштирок намуда, оид ба ҳамкориҳои судманди Вазорати маориф ва илм бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф изҳори хушнудӣ намуд. Вазири маориф ва илм рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф натиҷаи заҳматҳои пайваста, боис ба беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он донист.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон