ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РОҲБАРИ НАВТАЪИНИ ДАФТАРИ БАРНОМАҲОИ САҲА ДАР ДУШАНБЕ

16-08-2024
16 августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо роҳбари навтаъини дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Вилли Кемпел баргузор гардид.
Нахуст Ҷамшед Ҷӯразода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон, муовини якуми вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илм ва дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар соҳаи маориф саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Сипас, миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати ҳамкориҳои судманди минбаъда ироа гардид.
Дар охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон