Вохӯрии намояндагони Лоиҳаи "Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе

30-07-2024
Имрӯз, 30 июл бо мақсади шиносоӣ аз раванди семинарҳои омӯзишии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе (омӯзгорони фанни математика), ки дар Донишкада ҷараён дорад, директори Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон Жамбота Кабдикаримова, роҳбари Лоиҳаи "Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Штефан Зеверт ва дигар ҳамроҳонашон ба Донишкада ташриф оварда бо ректор Наврӯз Мирзозода ва иштирокчиёни семинари омӯзишӣ вохӯрда суҳбат намуданд.
Дар вохӯрӣ бори дигар доир ба мазмун ва муҳтавои Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии таҳсили хонандагон PISA, маводи омӯзиш, шароити омӯзиш, омодагии тренерон, истифодаи аёниятҳо ва мавзӯъҳои модулҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳозирин аз омодагии ҳамаҷонибаи роҳбарияти Донишкада изҳори сипос намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда омодагии худро иброз намуданд.
Дар вохӯрӣ фаъолиятҳои иштирокчиён ва пешниҳодҳои онҳо ҷиҳати давом додани чунин омӯзишҳо ба инобат гирифта шуда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.
Дар охир меҳмонон бори дигар ба ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода ҷиҳати дар сатҳи баланд, ташкил ва баргузор намудани чунин омӯзиш изҳори сипос намуданд.