Вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро бо иштирокчиёни семинари омӯзишии Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии дастоварди таҳсилоти хонандагони PISA

14-08-2024
Имрӯз, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим ба Донишкада ташриф оварда аз раванди баргузории машғулиятҳои семинари омӯзишии Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии дастоварди таҳсили хонандагон PISA боздид намуданд.
Зимни боздид бо иштирокчиёни омӯзиш аз наздик шуда, оид ба раванди машғулиятҳо, маводи омӯзиш, фаъолияти якҷояи тренерон сӯҳбат намуда, ҷиҳати иштирок дар PISA-2025 тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, вазири маориф ва илм аз тренерон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани машғулиятҳо, истифодаи ҳарчӣ бештари усулҳои фаъол ва ҳамкории судмандашон изҳори сипос намуданд.
Дар навбати худ иштирокчиён ба вазири маориф ва илми барои ташкили чунин омӯзишҳо изҳори миннатдорӣ намуда, иброз намуданд, ки барои иштирок дар PISA-2025 омодагии ҳамаҷониба мегиранд.
Дар вохӯрӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазир Каримзода Равшан ва Ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз ҳамроҳӣ намуданд.