Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки дар асоси қисми 5 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад.