ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
02-09-2020
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - 2 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ – 1124,7 сомонӣ.
Раёсати илм ва инноватсия
Мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ - 1124,7 сомонӣ.
Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак
Сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак – 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ;
Мутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ – 924, 60 сомонӣ.
Шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм
Сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм - 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ - 1380 сомонӣ.
Шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ
Мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ – 1 ҷой, (категорияи 6), маоши мансабӣ - 1124,7 сомонӣ;
Мутахассиси шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ – 1 ҷой, (категорияи 7), маоши мансабӣ - 924, 60 сомонӣ.
Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.
Талабот ба довталабон
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои
холии маъмурии хизмати давлатӣ
1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқушиносӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
- малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
3.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
- малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
4.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
- малакаи кор бо компютер.
5.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм – таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
- малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
6.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
- малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
7.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
- малакаи кор бо компютер.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13а, телефон: 221-37-65, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси
Вазорати маориф ва илм