БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ АЗ ҶОНИБИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ СОХТАШАВАНДА 2-юми апрели соли ҷорӣ муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии аз ҷониби Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе сохташаванда дидан намуд. Бояд гуфт, ки дар доираи амалигардонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои ...
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу менамоям. Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ...
ВОХӮРИИ РАҲИМ САИДЗОДА БО ОСАМА МАККАВИ 1-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбари Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккави баргузор шуд, ки зимни суҳбат ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобила изҳори андеша намуданд. Зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки ҳамкориҳо байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ГАНҶ”-И ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ 1-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии семоҳаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Фраксияи ҲХДТ дар ...
МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ САЗОВОРИ 454 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ГАРДИДАНД 30-юми марти соли ҷорӣ дар “Мактаби байналмилалии Президентӣ” маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври минтақавии олимпиадаҳои фаннии (синфҳои 5-11) шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Қутбиддин Муҳиддинзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова, сардорони раёсату ...