ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ФАЛАСТИН ДАР ТОҶИКИСТОН 1-уми сентябри соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм бо Луай Исо-Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт. Дар вохӯрӣ оид ба вусъат ёфтани муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои дӯстонаву бародарона миёни ду кишвар изҳори назар карда шуда, қайд гардид, ки минбаъд дар ...
ТАВАҶҶУҲ! Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони тоҷик, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Украина ва Белорус дохил шудаанд ё дар муассисаҳои таълимии ин кишварҳо таҳсил менамоянд, мерасонад, ки шурӯъ аз 30-юми августи соли 2020 тавассути хатсайри «Сомон Эйр» парвозҳои чартерии Душанбе-Минск ба роҳ монда мешавад. ...
МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ 28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Қабл аз оғози ...
ВОХӮРИИ СУДМАНД 28-уми августи соли равон баъд аз маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони касбу кори гуногун Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм дар толори маҷлисгоҳи вазорат бо барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ...
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” бахшида ба 80-солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев 22 сентябри соли 2020 ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзӯи “Нақши публитсистика дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор менамояд. Дар ҳамоиш масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд: • Публитсист ва публитсистика: ...